Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомоти тарафайни Киеву Маскав


Украинаву Русия ҳамдигарро дар гуноҳҳои нав айбдор мекунанд. Ширкати воҳиди Газпроми Русия субҳи дирӯз гуфт, ки интиқоли газро ба Аврупо тавассути хоки Украина шурӯъ карда бо ин амали худ, ба шаш рӯзи бегазии Аврупо хотима додааст. Аммо чанд соат баъди ин ҳодиса, Газпром Украинаро дар масдудкунии ҷараёни интиқоли газ маҳкум кард. Украина гуфт, ки Русия газро тавассути роҳи бисёр мураккабе интиқол додааст, ки он имкони дастрасии масрафкунандаҳои дохилии Украина ба газро намедиҳад. Иттиҳодияи Аврупо аз ҳарду ҷониб тақозо кард, ки ӯҳдадориҳои худро дар баробари қарордоди имзошуда иҷро кунанд.
XS
SM
MD
LG