Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздоштшудаҳои пешини Гуантанамо


Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, 61 нафар аз зиндониҳои озодшудаи Гуантанамо эҳтимолан ба идомаи фаъолиятҳои террористӣ рӯ овардаанд. Ҷеф Моррел, сухангӯйи Пентагон, гуфт, бар пояи охирин иттилоъ 18 нафар аз зиндониҳои пешин ба иқдомоти террористӣ ва мубориза алайҳи Амрико бозгаштаанд. 43 тани дигар низ гумонбар ба чунин фаъолиятҳо мебошанд. Омори пешин ҳокӣ аз бозгашти 37 нафар аз ин зиндониён ба фаъолиятҳои террористӣ буд. Қарор аст, Барак Обама ҳафтаи оянда пас аз шурӯи кораш дар Кохи Сафед бо судури дастури вижаи раёсатҷумҳурӣ зиндони Гуантанаморо бубандад. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 250 гумонбар ба амалиёти террористӣ дар ин зиндон нигаҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG