Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои башиддат дар Ғазза идома дорад


Даргириҳо миёни нерӯҳои исроилӣ ва Ҳамос рӯзи сешанбе ба хиёбонҳои Ғазза расида бошиддат идома ёфтааст. Ба гуфтаи шоҳидон, тонкҳо ва нерӯҳои исроилӣ дар чанд маҳаллаи Ғазза мустақар шудаанд. Табибони фаластинӣ аз кушта шудани 18 ситезаҷӯ ва ҳафт сокини осоишта дар даргириҳои хиёбони Ғазза хабар медиҳанд ва ба қавли онҳо шумори кушташудагони фаластинӣ ба беш аз 950 нафар расидааст. Исроил мегӯяд, аз ҳаждаҳ рӯз пеш, ки ҳамалот ба Ғазза оғоз шуд, то кунун даҳ сарбоз ва се сокини осоиштаи ин кишвар кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони милал барои поён додан ба даргириҳо дар Ғазза ба Ховари Миёна сафар кардааст, то бо роҳбарони ин минтақа сари мизи гуфтугӯ нишинад.
XS
SM
MD
LG