Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон хостори истеъфои президенти Украина


Мухолифони давлати Украина, ки ҳаводорони Русия маҳсуб мешаванд, ба сари бӯҳрони қатъи газ хостори барканории Виктор Юшенко аз мақоми раисиҷумҳури ин кишвар шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Виктор Янукович, собиқ номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ низ хоҳони барканории Юлия Тимошенко аз мақоми нахуствазири Украина шудааст. Янукович мегӯяд, раиси ҷумҳури ин кишвар дар байни бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ, Украинаро “бидуни газ ва бидуни дурнамо” гузоштааст. Аз сӯйи дигар, раисиҷумҳур Виктор Юшенко мегӯяд, Русия талош мекунад, то ба инқилоб дар Украина доман занад ва истиқлоли ин кишварро таҳти суол барад.
XS
SM
MD
LG