Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 тоҷик дар сӯхторе дар Маскав кушта шудаанд


Мақомоти Русия мегӯянд, имрӯз дар натиҷаи як сӯхтор дар сохтмони гараҷи зерзаминӣ дар ҷануби шарқи шаҳри Маскав 7 корманди он кушта шудаанд. Виктор Климкин-як мақоми аршади идораи сӯхторнишонӣ гуфтааст, ҳамаи афроди кушташуда шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Дар бисёре аз сохтмонҳои шаҳри Маскав муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд. Сӯхторҳои марговар дар Русия падидаи маъмулист, зеро қоъидаҳои наҷот аз сухтор заъифанд.

XS
SM
MD
LG