Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати 7 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар як сӯхтор дар Маскавро тасдиқ кард.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Салими Хатлонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, фоҷеаи зуҳри рӯзи 13-уми январ дар як мошинхонаи зеризаминӣ дар минтақаи ҷанубу шарқии Маскав рух додааст ва ҳувияти ҳалокшудагон маълум аст.

Салими Хатлонӣ ҳамчунин хабар дод, ки намояндагони сафорати Тоҷикистон дар маҳалли фоҷеа ба таҳқиқи ҳодиса машғул ҳастанд ва сафорат барои фиристодани ҷанозаи ҳалокшудагон ба ватан омодагӣ мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳар зимистон дар Русия даҳҳо муҳоҷирони тоҷик дар оташсӯзиҳои ғайричашмдошт ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар зимистони қаҳратуни соли 2007 дар хобгоҳи чубини як анбори меваҷот 12 нафар тоҷикон бо шумули занону кӯдакон ва дар як кулбаи чубини дигар 4 нафар ҷавонмардони тоҷик ҳалок шудаанд.

Аз нигоҳи коршиносон сабаби ҳалокатҳои мутааддиди муҳоҷирони корӣ дар Русия надоштани имкони зиндагии шоистаи ҳуқуқӣ дар ин сарзамин аст.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG