Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлдӯз Усмонова дар Русия боздошт нашудааст


Юлдӯз Усмонова-хонандаи попи Ӯзбакистон дар Русия боздошт нашудааст. Дар ин бора таҳиякунандаи барномаҳои ин овозхон ба радиои Озодӣ хабар додааст. Қаблан дар матбуъот хабаре дар бораи боздошти вай ба нашр расида буд. Чанд сомонаи интернетии Осиёи Марказӣ гузоришҳое чоп кардаанд, ки гӯё пулиси Русия Усмоноваро боздошт кардааст, дар ҳоле, ки вай дар як базми арӯсӣ овоз мехонд. Юлдӯз Усмонова 45 сол дорад ва яке аз маҳбубтарин овозхонон дар густараи Шӯравии собиқ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG