Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ГБМ аз вазъи ду хабарнигори Озодӣ нигарон аст


Гузоришгарони Бидуни Марз (ГБМ) марказаш дар Порис аз таҳқири ду нафар хабарнигорони радиои Озодӣ дар Туркманистон изҳори нигаронӣ кардааст. Давлатмурод Язгулиев ва Усмон Ҳаллиев дар ду ҳафтаи ахир аз сӯи кормадони амниятии ин кишвар мавриди таҳдид ва шиканҷа қарор гирифтаанд. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар эъломияе мегӯяд, "агар чунин кор ба ибтикори мақомоти маҳаллӣ шуда бошад, дар он сурат онҳо бояд масъулияти ин корро бар душ бигиранд. Вагарна мо дархостамонро ба раиси ҷумҳур мефиристем, то дар дафтари амнияти Туркманистон ба шиканҷаи рузноманигорон чун душман ё ҷинояткор хотима диҳанд".

XS
SM
MD
LG