Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мегуяд, суиқасдкунандагонро боздошт кардааст


Эрон мегуяд, чаҳор нафар аз шаҳрвандони ин кишварро боздошт кардааст. Идаъо мешавад, ки онҳо узви гуруҳе будаанд, ки гуё Амрико барои сарнагунии ҳукумати исломӣ дар Эрон фаъолияти ин гуруҳро сармоягузорӣ мекардааст. Бино ба қавли сухангуи додгоҳ, ҳамаи ононе, ки дар ин таҳрикот даст доштаанд, боздошт шудаанд. Мақомоти Эрон ҳар гоҳ душманони ғарбии Эронро барои сарнагун сохтани ҳукумати исломӣ аз роҳи инқилоб муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG