Пайвандҳои дастрасӣ

Гази Руссия дар се руз ба Аврупо мерасад


Руссия аз қаламрави Укроин интиқоли газ ба кишварҳои аврупоиро аз сар гирифт. Дар натиҷаи баҳсҳои миёни Руссияву Укроин бар сари пардохти нархи газ интиқоли он ба Аврупо як ҳафта қатъ шуд. Як мақоми расмии Газпром таввасути телевизион ба кормандони худ ин гуна дастур дод:

"Салом, ман Павлов-танзимгари Газпром ҳастам. Ман тақозо мекунам, ки соъати 10-и вақти Маскав шумо интиқоли газро аз лулаҳои Укроин ба миқдори 3 миллиону 120 ҳазор метри муккааб дар соъат ё 76 миллиону 600 ҳазор ме6три муккааб дар руз барои истеъмолкунандагондар минтақаи Балкан, Туркия ва Молдова шуруъ кунед. Фармонро иҷро кунед".

Беш аз 15 кишвари аврупоӣ дар рузҳои сарди зимистони имсола баъд аз он ки Руссия интиқоли газро боздошт аз набуди газ зарар диданд. Коршиносон мегуянд, расидани газ ба кишварҳои аврупоӣ се рузро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG