Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тетис" ба Тоҷикистон дастгоҳи нави парма меорад


Бино ба хабари матбуъотии ширкати "Тетис", ин ширкат ба Тоҷикистон дастгоҳҳое ворид мекунад, ки метавонад дар чуқурии то 3,5 километр чоҳҳои нефту газро парма кунад. Ин дастгоҳ дар Чин сохта шудааст ва дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон меояд. Дастгоҳ бо номи ZJ30 180 тон вазн дорад ва метавонад дар зери замин ба таври амудӣ ё уфуқӣ чоҳҳоро парма кунад. Дастгоҳ дар қадами аввал барои барқарор кардани чоҳҳои куҳнаи истихроҷи газ дар вилояти Хатлон истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG