Пайвандҳои дастрасӣ

Фарҳангистони хурди улуми Тоҷикистон


Химология ва ё астрологияи химиявӣ - маҳз ин илми ҷадид, ки мавзӯи пажӯҳиш ва кори илмии Парвиз Самеъзодаи 17-сола, як узви Фарҳангистони хурди улуми Тоҷикистон буд, дар иҷлосияи зимистонаи ин фарҳангистон таваҷҷӯҳи бештари олимонро касб кард.

Ба гуфтаи Парвиз, роҷеъ ба ин илми нав ҳоло мавод ниҳоят кам аст, вале, мегӯяд ӯ, ба воситаи ин илми ҷолиб ва моддаҳои кимиёвӣ метавон хислату тақдири одамонро муайян кард. Парвиз нахуст тибқи формулаи махсус ин таҷрибаро дар худ истифода бурдаву, муайян кардааст, ки хислатҳои ӯ ба моддаи кимиёвии ҳидроген мувофиқат мекунад. Парвиз баъдан элементҳои кимиёвии дӯстону рафиқонашро ҳам аз рӯи формула муайян карда, хислатҳояшонро гуфтааст ва аксари гуфтаҳояш мувофиқ омадаанд.

Парвиз мисол меорад, ки элементҳои кимиёвии дар об ҳалшаванда ва ҳалнашаванда ҳаст ва агар дар об ҳал шаванда ба ягон шахс рост ояд, ин маънои онро дорад, ки он шахс аз торикӣ метарсад. Парвиз мегӯяд, нахуст аз рӯи формула ӯ бояд дар бораи рӯзу моҳ ва соли таваллуди ягон нафар маълумот бигирад, бо формула ҳисоб карда, рақамро барорад ва баъдан аз рӯи ин рақам элементи кимиёвии он шахсро мушаххас ва хислатҳои ӯро гуфта метавонад.

Фародис, узви дигари навраси Фарҳангистони хурди улум ба омӯзиши сайёраҳо бештар шавқ дорад ва ӯ ин мавсим доир ба сайёраи Муштарӣ маълумот ҷамъ оварда, барои баррасӣ ба Шӯрои уламо пешниҳод кардааст. Бо ин таҳқиқоташ Фародис соҳиби дипломи дараҷаи дуввуми Фарҳангистони хурди улум гардид.

Дар баробари Парвиз ва Фародис имрӯз дар Фарҳангистони хурди улуми Тоҷикистон ҳудуди 100 хонандаи дигар ба узвият пазируфта шудаву, ба омӯзиши илмҳои мухталиф машғуланд. Далер Почоҷонов, раҳбари ин Фарҳангистон мегӯяд, яке аз роҳҳои хуби омода кардани олимон барои Тоҷикистон ин ҷалби хонандагон ба Фарҳангистони улум аст ва ҳадафи аслии ин ниҳод ҳам ҷалб ва дастгирии хонандагони боистеъдод дар пешбурди илм мебошад. Ба гуфти оқои Почоҷонов, олимони наврасу ҷавони Фарҳангистон дар 10 бахши мухталифи илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ таҳсил намуда, дар мавзӯҳои дилхоҳ рисола менависанд.

Хонандагон аз синфи 8-ум ба узвияти Фарҳангистон пазируфта мешаванд ва дар тӯли 3 соли таҳсил онҳо бояд дар соҳоти мухталифи илм кор ва пажӯҳиш бибаранд. То имрӯз 8 ҳазор хонанда хатми Фарҳангистони хурди улум намудаву, ҳудуди 200 нафар барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар роҳхат гирифтаанд.

Вале имконоти молӣ монеъи таҳсили хонандагон аз минтақаҳои дурдасти кишвар дар ин фарҳангистони хурди улум мегаштааст. Бинобар ин, масъулини ин ниҳод тасмим доранд, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон шӯъбаҳои фарҳангистонро таъсис дода, бо ин роҳ шумори аъзои онро боз ҳам бештар кунад.
XS
SM
MD
LG