Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҳамос бояд партоби мушакҳоро хотима диҳад"


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ки танҳо роҳи расидан ба оташбас дар Ғазза ин аст, ки Ҳамос партоби мушакҳоро ба хоки Исроил хотима диҳад. Изҳороти Буш дирӯз дар Вашингтон садо дод. Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо аз дохили Ғазза ҳокӣ аз он аст, ки нирӯҳои заминии исроилӣ бо ҷангиёни Ҳамос дар канораҳои ин шаҳр ҷангҳои шадидро пеш мебаранд. То имрӯз оид ба ҳалокати беш аз 900 фаластинӣ ва 13 исроилӣ гузориш мешавад.
XS
SM
MD
LG