Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи махфигоҳи нави силоҳ дар Туркия


Расонаҳои хабарии Туркия иттило доданд, ки полис дар амри таҳқиқи кудатои эҳтимолие зидди ҳукумати исломӣ махфигоҳи дуюми аслиҳаро ошкор кардааст. Муфаттишон маводи зиёди мунфаҷира, силоҳ ва муҳимоти дигари ҷангиро дар як сохтмони беодаме дар наздикии Анкара ошкор кардаанд. Телевизиони давлатӣ хабар дод, ки ин дуюмин чунин як махфигоҳи азими силоҳ будааст, ки ошкор ва забт шудааст. Рӯзи ҷумъа дар манзили як афсари артиш полис захираи норинҷакҳоро ошкор кард. Феълан ӯ ва 16 муттаҳами дигар, бо шумули низомиёну афсарони полис ва рӯшанфикрони турк дар зиндон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG