Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сандуқи асъор ба Беларус қарз дод


Сандуқи байналмилалии пул гуфт, ки Шӯрои иҷроияи ин ниҳод бо ироаи 2,5 миллиард доллар қарз ба ҷумҳурии Беларус барои муқобила бо бӯҳрони сартосарии молӣ мувофиқат кард. Юҳа Какконен, муовини раиси бахши аврупоии Сандуқи байналмилалии пул зимни эълони ин тасмим дар Вашингтон шоми душанбе гуфт:

"Шӯрои иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул имрӯз бо ироаи қарзе ба маблағи 2,5 миллиард доллар ба Беларус ба мӯҳлати 15 моҳ мувофиқат кард. Қарзи мазкур ба ҳукумати Беларус барои тақвияти барномаҳои иқтисодиаш дода мешавад".

Сандуқи байналмилалии пул гуфт, ки маблағҳои мазкур барои муқобила бо зарбаҳои шадиди иқтисодии ин кишвар мусоидат карда ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ иҷоза медиҳад, ки тақрибан 778 миллион доллари онро билофосила дар ихтиёри мақомоти Беларус гузорад. Қисмати боқимондаи ин маблағҳо баъди ҳар се моҳ дода хоҳад шуд. Барномаи наҷоте, ки Сандуқи байналмилалии пул дар ихтиёри Минск вогузор кардааст, тақрибан чаҳор маротиба бештар назар ба он меъёрест, ки ҳар кишвари узви ин ниҳоди мустақар дар Вашингтон бояд пардохт кунад. ИМА - яке аз тасмимгирандаҳои аслии ин ниҳоди иборат аз 185 узв, ҳукумати Беларусро чун "диктотурии охирини Аврупо" танқид кардааст. Аммо дар ин охирҳо мақомоти ИМА мегӯянд, ки равобити миёни ду кишвар пешрафт кардааст.

XS
SM
MD
LG