Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА умедвори азсаргирии интиқоли гази русист


Иттиҳодияи Аврупо изҳори умедворӣ кардааст, ки Русия интиқоли газаш ба Аврупоро аз субҳи сешанбе аз сар хоҳад гирифт. Ба гуфтаи намояндагони Аврупо, сипас беш аз як шабонарӯзи дигар лозим аст, ки гази ба лӯлаҳо рехтаи Русия то ба Аврупо бирасад. Кумиссиюни Аврупо имрӯз ба дунболи Русияву Украина ба қарордоди сегонаи транзити газ имзо гузошт. Раҳбари ширкати “Газпром” Алексей Миллер” билофосила аз Бруксел ба мақомоти ин ширкат дастур дод, ки акнун ба истиқболи нозирони аврупоӣ омодагӣ бигиранд. Русия интиқоли газ ба Украинаро аз 1 январ ва ба Аврупо тавассути он кишварро аз 7 январ ба далели дар Украина дуздӣ шудани газ қатъ кард.
XS
SM
MD
LG