Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Буш дар бораи оташбас дар Ғазза


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш аз сӯи Ҳамос қатъ шудани ҳамалоти мушакӣ алайҳи Исроилро танҳо роҳи расидан ба оташбаси собит дар низоъи навори Ғазза номид. Буш дар охирин нишасти хабариаш ба ҳайси раҳбари Амрико дар Вошингтон ҳамчунин аз Миср даъват кард, аз ҳамлу нақли аслиҳа тавассути марзҳояш бо Ғазза ҷилавгирӣ кунад: “Беҳтарин роҳи таъмини оташбаси собит ҳамкорӣ бо Миср ба хотири қатъи қочоқи аслиҳа ба Ғазза аст, ки ба Ҳамос имкон медиҳад ҳамлаҳои мушакиашро идома диҳад.” Имрӯз Тонӣ Блейр, фиристодаи чоргонаи сулҳи Ховари Миёна, низ дар Қоҳира гуфт, аломатҳои нахустини қарордоди оташбас ба даст омадаанд. Вале вазири хориҷаи Исроил Тсипӣ Ливнӣ гуфт, ҳамалоти мушакӣ алайҳи Исроил аз қаламрави навори Ғазза ҳанӯз идома доранд ва Исроил худ тасмим хоҳад гирифт, ки амалиёташро кай қатъ кунад. Бо ин ҳол, бино ба хабарҳо, нирӯҳои хушкигарди Исроил дар канораҳои шаҳри Ғазза бо ҷангиёни фаластинӣ вориди задухӯрдҳои сангин шудаанд. То имрӯз, тайи 17 рӯзи ин амалиёт беш аз 900 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG