Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо низ ба қарордоди транзити газ имзо кард


Кумиссиюни Аврупо имрӯз ба дунболи Русияву Украина ба қарордоди сегонаи транзити газ имзо гузошт. Раҳбари ширкати “Газпром” Алексей Миллер билофосила аз Бруксел ба мақомоти ин ширкат дастур дод, ки акнун ба истиқболи нозирони аврупоӣ омодагӣ бигиранд:“Хоҳиш мекунам, истиқрори нозирони хориҷӣ дар истгоҳҳои муҳосибаи гази “Газпром” дар марз бо Украинаро таъмин кунед. Хоҳиш мекунам, ҳамчунин эъзоми нозирони Русия ба истгоҳҳои ҳисоби газ дар кишварҳои ҳамҷавор бо Украина ва эъзоми нозирони Русия ба марказҳои муҳосибаву тақсимот ва амборҳои зеризаминии газ дар Украинаро таъмин кунед.” Русия шоми якшанбе эълон кард, ба далели тағйироте, ки Украина ба матни қарордоди сегонаи транзити газ ворид кардааст, аз иҷрои он даст мекашад. Вале Мартин Риман, вазири саноати Чехия, ки кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, имрӯз дар Брукселл гуфт, Украина он қарордодро бидуни кадом шарти изофӣ аз нав имзо кардааст ва барои Русия дигар далеле боқӣ намонда, ки интиқоли газаш ба Аврупоро боз ҳам аз сар нагирад. Русия интиқоли газ ба Украинаро аз 1 январ ва ба Аврупо тавассути он кишварро аз 7 январ ба далели дар Украина дуздӣ шудани газ қатъ кард.
XS
SM
MD
LG