Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти артиши Исроил дар Навори Ғазза


Мақомоти низомии Исроил эълон намуданд, ки ҳазорон сарбози эҳтиётиро ба амалиёти Ғазза сафарбар хоҳанд кард.

Ва аммо ҳанӯз маълум нест, ки ҳадаф аз истифодаи сарбозони эҳтиётӣ тақвияти нерӯҳост, ё густариши амалиёти низомӣ ва вуруди артиш ба маҳаллаҳои маскунии шаҳри Ғазза. Айни ҳол фақат бархе аз низомиёни исроилӣ ба қаламрави шаҳри Ғазза ворид шудаанду халос ва табиист, ки густариши амалиёт дар хиёбонҳои ин шаҳр истифодаи нерӯҳои бештарро талаб мекунад.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд сарбозони эҳтиётӣ барои назорати минтақаҳои аллакай ишғолнамудаи артиш истифода шаванд. Дар ин сурат, ба гуфтаи онҳо, мусаллаҳони ҲАМОС аз имкони бозгашт ба минтақаҳои стротегӣ, аз ҷумла маҳаллаҳое, ки аз он ҷо ба Исроил мушак партоб мешаванд, маҳрум хоҳанд шуд.

Мақомоти Исроил аз ошкор кардани ҳадафҳои аслии ҷалби низомиёни эҳтиётӣ ба амалиёт худдорӣ мекунанд. Аз ин пеш вазири умури хориҷаи Исроил Сипӣ Ливнӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки Исроил мехоҳад гурӯҳи ҲАМОС-ро заъиф созад ва ҳама имконоти дастёбии онро ба силоҳ аз байн бубарад.

Амалиёти низомии Исроил алайҳи ҲАМОС ду ҳафта қабл шурӯъ шуда буд ва бар асари он беш аз 900 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд. Гуфта мешавад, ки бо вуруди низомиёни исроилӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишин задухурдҳо бештар шиддат хоҳад гирифт. ҲАМОС айни ҳол аз задухурд бо артиши Исроил рӯ тофта, бештар аз тактикаи партизанӣ истифода мебарад, яъне мусаллаҳони гурӯҳ талош доранд, ки исроилиҳоро дар шаҳр ғофилгир кунанд.

Сухангӯи артиши Исроил Авитал Лейбович изҳор намуд, ки бархе аз маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр майнкорӣ шудаанд ва мусаллаҳони ҲАМОС ба хотири ба камингоҳ ҷалб кардани исроилиҳо аз макетҳо бо тасвири афроди силоҳбадаст истифода мебаранд.

Бо жарфтар шудани низоъ ва густариши он ба маҳаллаҳои аҳолинишин ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҷонибҳои даргирро ҳарчӣ бештар ба оташбас ва оштӣ даъват мекунанд. Ва аммо ҳафтаи гузашта Исроил ва ҲАМОС қатъномаи Шӯрои амнияти СММ барои оташбасро рад карданд. Бо вуҷуди ин талошҳои дипломатӣ барои ҳалли мусолиматомези қазия идома доранд. Имрӯз мақомоти Миср ва ҳайати ҲАМОС дар Қоҳира музокирот анҷом медиҳанд. Раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак талошҳои миёнҷигарӣ ба хотири имзои созиши оташбас ва ҳамчунин боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳ ба навори Ғаззаро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG