Пайвандҳои дастрасӣ

Ба гуфтаи мақомоти Оҷонси назорат бар маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, иқдомоти мубориза бо кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон ҳамчунон бидуни муваффақият боқӣ монда, балки дучори мушкилоти бештаре шудааст.

Ҷенерол Рустам Назаров, раиси Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, гуфт, се вилояти шимоли Афғонистон манотиқи орӣ аз маводи мухаддир эълон шуда ва муваффақияте низ дар ин замина ҳосил шудааст. Аммо ҳамзамон се вилояти ноороми ҷануб кишти кукнорро афзоиш дода ва ҳудуди 80 дарсади маводи мухаддири Афғонистонро тавлид мекунанд. У афзуд, маводи мухаддир амнияти Афғонистонро ба унвони давлат зери хатар қарор додаст.

Ҷенерол Назаров мегӯяд, ҳануз хеле вақт аст, ки дар мавриди тағйири ҷиддие аз авзоъи вобаста ба маводи мухаддир дар Афғонистон сӯҳбат кунем. Мо феълан шоҳиди густариши тавлиди мухаддирот ҳастем. Мушкили Афғонистон танҳо маводи мухаддир нест, ҳоло масъалаи матраҳ ояндаи амнияти ин давлат аст.

Раиси Оҷонси маводи мухаддири Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, кори ташкили маркази муштараки мубориза бо маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шонгҳой низ ниҳоӣ шудааст. Маркази мубориза бо маводи мухадири СҲШ бояд шаҳри Бишкек таъсис шавад.

Аммо бархе коршиносон мегӯянд, ҳамон гуна, ки талошҳои Ғарб дар амри мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон ноком мондааст, муваффақияти СҲШ низ дар ин ҷода баъид ба назар мерасад. Ба гуфтаи ин коршиносон, талошҳои СҲШ ва НАТО дар мубориза бо кишту қочоқи маводи мухаддир бояд ба сурати ҳамоҳанг сурат бигиранд, он гоҳ метавон натиҷаеро интизор шуд.

Мақомоти Оҷонси назорат бар маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин афзуданд, масъалаи дигаре, ки ҷузъи кори ин ниҳод шудааст, муқобила бо нашри ахбори муғризона дар мавриди даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар қочоқи маводи мухаддир мебошад. Раиси оҷонси мубориза бо маводи муахдири Тоҷикистон гуфт, ахиран дар панҷ маврид шахсони қочоқбар дар расонаҳои русия шаҳрванди Тоҷикистон эълон шудаанд. Дар ҳоле, ки ниҳодҳои расмии Русия дар ҳар панҷ маврид зимни номаҳои расмӣ гуфтаанд, ки ин афрод ба Тоҷикистон иртиботе надоранд.

XS
SM
MD
LG