Пайвандҳои дастрасӣ

Ишорати Карзай ва Сингҳ ба сӯи Покистон


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ва сарвазири Ҳинд Мунмаҳон Сингҳ имрӯз аз кишварҳои дигар даъват карданд, аз терроризме, ки аз қаламрави онҳо бармехезад, ҷилавгирӣ кунанд. Дар ин баёнияи муштарак, ки дар пайи мулоқоти онҳо дар Деҳлии нав нашр шуд, мушаххасан аз Покистон ёд нашудааст, вале ғолибан манзури ҳарду Исломобод буд. Ҳинд Покистонро батакрор ба кӯмак ба тундравоне муттаҳам мекунад, ки дар хоки Ҳинд ҳамалот анҷом медиҳанд. Охирин чунин маврид ҳамлаҳои хунини моҳи ноябр дар Мумбай буд, ки ба гуфтаи мақомоти Ҳинд, омилонаш аз гурӯҳи покистонии лашкари Таййиба будаанд. Афғонистон низ Покистонро айбдор ба он мекунад, ки ба ҷангиёни толиб ва Ал-Қоида дар хокаш паноҳ додааст.
XS
SM
MD
LG