Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои сангин дар канораҳои шаҳри Ғазза


Бино ба хабарҳо, нирӯҳои хушкигарди Исроил дар канораҳои шаҳри Ғазза бо ҷангиёни фаластинӣ вориди задухӯрдҳои сангин шудаанд. Исроил имрӯз ҳамчунин таъйид кард, ки нирӯҳои захиравиашро ба сарзаминҳои фаластинии қитъаи Ғазза эъзом кардааст. Ин дар ҳолест, ки Тонӣ Блейр, фиристодаи чоргонаи сулҳи Ховари Миёна, дар Қоҳира гуфт, аломатҳои нахустини қарордоди оташбас ба даст омадаанд. Вале вазири хориҷаи Исроил Тсипӣ Ливнӣ гуфт, ҳамалоти мушакӣ алайҳи Исроил аз қаламрави навори Ғазза ҳанӯз идома доранд ва Исроил худ тасмим хоҳад гирифт, ки амалиёташро кай қатъ кунад. То имрӯз, тайи 17 рӯзи ин амалиёт беш аз 900 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG