Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати “Газпром”-и Русия гуфт, Украина дар пайи музокирот розӣ шуд, қарордоди сеҷонибаи транзити гази Русия ба Аврупо тавассути қаламрави Украинаро имзо кунад.

Ин дар ҳолест, ки шоми якшанбе Маскав ба ин далел, ки Киев ба матни қарордод тағйироти ҷиддӣ ворид кардааст, аз иҷрои он даст бардошта буд. Аммо тавофуқи тоза ба даст омада то куҷо метавонад бӯҳрони пешомади газ дар Аврупоро ҳалл карда, ҳама мавонеъи мавҷуда аз роҳи содироти гази Русия ба ин қораро аз байн бубардорад? Ва гази русӣ акнун кай дубора ба Аврупо хоҳад расид?

Як ҳайъати баландпояи мақомоти давлатии Русия рӯзи душанбе ба хотири баҳси ҷузъиёти қарордоди ҷадиди транзити газ тавассути қаламрави Украина ба Бруксел рафт. Раҳбари ширкати “Газпром” Алексей Миллер ҳамроҳ бо муовини сарвазири Русия Игор Сечин ва вазири энержии он кишвар Сергей Шматко бо худ барои тасвиби ниҳоӣ матни қарордоди сегонаеро ба Брукселл мебаранд, ки Украина рӯзи душанбе аз нав ва ин бора бидуни кадом шарти изофӣ имзоаш кард. Ин қарордод дар охири ҳафтаи гузашта байни Русияву Украина бо миёнҷигии Иттиҳодияи Аврупо ба имзо расида буд, вале шоми якшанбе Маскав Киевро айбдор кард, ки пеш аз имзо ба матни қарордод тағйироте ворид кардааст, ки мазмуни аслии он санадро ҷиддан дигар мекунад.

Русия ба дунбол бо забони раисиҷумҳураш Дмитрий Медведев эълон кард, ки аз ин қарордоди сегона, ки мебоист интиқоли гази Русия ба кишварҳои Аврупо тавассути қаламрави Украинаро аз сар мегирифт, хориҷ мешавад. Ин иқдоми Русия умедвориҳои зиндашуда дар мавриди билохира ба поён омадани бӯҳрони гази Аврупоро замин кард ва маҳофилу мақомоти аврупоиро аз нав нигарони сарнавишти гази русӣ сохт, ки оё содироташ ба кишварҳои ин қора ба ин зудиҳо аз сар гирифта хоҳад шуд ё хайр?

Иттиҳодияи Аврупо ва Украина дар пайи аз ин қарордод бо чунин шаст ақиб нишастани Маскав изҳор доштанд, ки ба нигарониҳои он ҷониб ҳатман расидагӣ хоҳанд кард. Ва инак ширкати “Газпром” эълон кард, ки намояндагонаш рӯзи душанбе дар музокирот бо мақомоти Украина дар Киев ба натоиҷи мусбат даст ёфтаанд ва ҷониби Украина қарордоди сегонаи транзити газ ба Аврупо бидуни кадом шароити изофӣ имзо кардааст. Ҷумҳурии Чех, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, ба дунбол гуфт, дигар далеле барои Русия боқӣ намонда, ки боз ҳам аз шурӯъи дубораи интиқоли газаш ба Аврупо даст бикашад.

Вазири саноати Чехия Мартин Риман дар Бруксел гуфт, ман маълумоте дар даст дорам, ки субҳи имрӯз Украина созиши пешниҳодшударо аз нав ва бидуни эъломия имзо кард. Ба ин тартиб, шартҳои пешгузоштаи Русия акнун пурра иҷро шудаанд ва Русия дигар далеле надорад, ки интиқоли газро билофосила аз сар нагирад.

Як шарти аслии ин қарордоди сегона истиқрори нозирони аврупоӣ дар қаламрави Украина дар тӯли лӯлаҳоест, ки гази Русияро ба Аврупо интиқол медиҳанд. Русия ба далели баҳси ҳаллношудааш бар сари нархи газ интиқоли газ ба Украинаро рӯзи 1 январ қатъ кард ва ба дунбол он кишварро дар сирқати газ аз лӯлаҳои транзитӣ муттаҳам карда, рӯзи 7 январ ба ҳамин далел содироти газаш ба Аврупо тавассути қаламрави Украинаро низ қатъ намуд.

Сарвазири Русия Владимир Путин рӯзи душанбе дар вазъи пешомада, ки Путин ҳатто ”муҳосираи газии қораи Аврупо” ба қаламаш дод, дигарбора Украинаро айбдор кард ва гуфт, қарордоди транзити газ акнун барои тасвиби ниҳоӣ ба Брукселл ирсол шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки эъзоми нозирони аврупоӣ ба Украина ва истиқрори онҳо дар тӯли лӯлаҳои транзитии газ, ки аз хоки ин кишвар мегузаранд, чанд рӯзро дар бар хоҳад гирифт.

Аммо баъд аз боз шудани лӯлаҳо дасти кам 36 соати дигар лозим аст, то гази Русия дубора ба Аврупо бирасад. Бӯҳрони газ тайи ин чанд рӯз, ки Аврупо бо як сардии хеле шадиде дастбагиребон шудааст, бахши аъзами кишварҳои ин қораро ба камбуди назарраси ин навъи маводи сӯхт рӯбарӯ кард. Осори ин бӯҳрон бештар аз ҳама дар кишварҳои Аврупои шарқиву марказӣ эҳсос шуда, барои мисол, Словакия ҳатто маҷбур шуд, ба хотири пӯшондани ниёзмандиҳояш ба маводи сӯхт нирӯгоҳи ҳастаии соле қабл бастаашро дубора фаъол гардонад. Ва дар Булғористон дар ин шабу рӯз ба далели камбуди газ мактабҳоро ҳатто таътил додаанд.

Бӯҳрон ҳазорон нафарро дар саросари Иттиҳодияи Аврупо дар ин шабурӯзҳои сард бидуни оби гарму гармӣ барҷой гузошт. Як бахши аъзами мардум худро қурбонӣ ва ё тӯъмаи танишҳои сиёсии байни Русияву Украина эҳсос мекунад. Ду кишвари ҳамҷаворе, ки яке, яъне Русия, мехоҳад худро дубора дар саҳна ба ҳайси кишвари абарқудрат эҳё кунад, вале дуввумӣ - манзур Украина – талош дорад дар оянда ба ҳарду эътилофи умдаи кишварҳои Ғарб – Иттиҳодияи Аврупо ва паймони низомии НАТО – бипайвандад.


XS
SM
MD
LG