Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Миллӣ дар андешаи ҳифзи қурби сомонист


Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода гуфтааст, ин ниҳод мехоҳад ба хотири ҳимоят аз қурби пули миллии сомонӣ 1 миллион долларро дар бозори арз ба фурӯш гузорад. Ба гуфтаи ӯ, захираи асъори Тоҷикистон тайи соли 2008 аз 350 миллион доллар ба ҳадди 198 миллион доллар коҳиш ёфт. Шариф Раҳимзода кам шудани ҳаҷми таҳвили пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ва пойин рафтани нархи ҷаҳонии маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ду иллати аслии коҳиш ёфтани захираи асъори кишвар ном бурдааст. Тайи як ҳафтаи охир қурби сомонӣ дар муқобили доллари амрикоӣ ба шиддат коҳиш ёфт ва ҳоло 1 доллар болиғ аз 3 сомониву 70 дирам шудааст. Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш 1 доллар дар саррофиҳои Душанбе 1 сомониву 43 дирам буд.
XS
SM
MD
LG