Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъи овозаи заминларза таҳқиқ мешавад


Овозаи зилзилаи шадид шаби 9-уми январ ҳазорон сокинони кишварро ба кӯчаҳо кашид
Овозаи зилзилаи шадид шаби 9-уми январ ҳазорон сокинони кишварро ба кӯчаҳо кашид

Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ба таҳқиқи сарчашмаи овозаи зизлизилаи шадид дар шаби 9 ба 10 январи соли ҷорӣ оғоз кардаанд.

Дар пайи ин овоза даҳҳо ҳазор аз сокинон ба шумули занону кӯдакон ва солмандон манозили зистро тарк ва шабро зери ваҳшату даҳшат дар хиёбонҳо рӯз карданд. То кунун аз сӯи мақомот ҳеҷ гуна фарзияе дар бораи омилҳои ин шоеъа ва аҳдофи барангезандагони он эълом нашудааст. Вале як нукта боиси нигаронии ҷомеъа шудааст, ки чаро мақомот ва масъулини давлат натавонистанд пеши роҳи ин овозаро бигиранд ва мардумро ором созанд.

Аксари онҳое, ки дар шаби 9 ба 10 январ дар шаҳри Душанбе аз тарсу ваҳшати заминҷунбии шадид субҳро дар хиёбон ва дуртар аз биноҳои баландошёна истиқбол карданд, дар пайи зангҳои телефони нафарони шинос ба чунин вазъ рӯбарӯ шудаанд. Аммо ҳеҷ нафаре аз эшон наметавонад ба таври рӯшан ва дақиқ бигӯяд, ки хабари вуқӯъи зилзилаи шадидро аз ин ва ё он расона шунида ва ё хондааст. Ҳамагӣ мегӯянд, нафари шинос аз фалон маҳалли шаҳр ва ҳатто аз Хуҷанду Ғарм ва ё Дарвоз дар тамос шуда, даъвати тарки ҳарчи зудтари манзилро кардаанд.

Ба ҳар сурат ҳазорҳо тан дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон шабро дар беруни хонаҳо рӯз карданд. Аммо оё имкон дошт аз як чунин овозаи бардурӯғ ҷилавгирӣ шавад ва мардуми ноогаҳ аз асли воқеа ҳарчизудтар воқиф шаванд?

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, ин тақсири масъулини ниҳодҳои амниятӣ ва расонаҳои саросарии кишвар буд, ки натавонистанд аз афзоиши шоеъа ва овозаҳои бардурӯғ ҷилавгирӣ кунанд. Ва танҳо нашру пахши назару баҳои чанд тан аз зилзилашиносон ва афроди масъул тавассути шабакаҳои сартосарӣ кофӣ буд, ки мардум ором шаванд. Ба-ин ҷиҳат, афзуд оқои Атовулло, ҳоло наметавон гуфт, ки масъулини ин ниҳодҳо дар таъмини амнияти иттилотии кишвар нақше бозида тавонанд ва чунин бархурд бо шоеъа ва овозаҳо ифодаи осебпазир будани сиёсати иттилотии кишвар низ ҳаст.

Аммо оё аз лиҳози фаннӣ ниҳодҳои масъул дар Тоҷикистон метавонанд дар вазъи изтирорӣ ҷомеъаро огаҳ ва то вуқӯъи ҳаводиси нохуш мардумро ба ҷойи амнтаре интиқол диҳанд. Саъдӣ Мирзоев, сардори раёсати хадамоти фаврӣ дар Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, гуфт, ҳамаи тасмимот ва фаъолиятҳои фаврии онҳо бо дастрасии маълумоти зудтар аз Идораи ҳавошиносии кишвар вобаста аст.

Дар ҳамин ҳол бархе аз зилзилашиносон, аз ҷумла академик Собит Неъматуллоев - аз олимони бузурги ин соҳа, таъйид мекунад, ки ҳанӯз илм ба он пояи баланде нарасидааст, ки вуқӯъи заминҷунбӣ ва махсусан зилзилаи шадидро ба таври дақиқ пешгӯӣ кунад. Марокизи зилзиланигорӣ метавонанд таркишҳо ва ҷунбишҳоро дар умқи замин мушоҳида кунанд, вале замон ва соати дақиқи вуқӯъи онро пешгӯӣ кардан ба донишмандон муяссар нашудааст.

Ба ин тартиб мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ба муҷарради боздошти омилини овозаи бардурӯғи зилзила ва равшан кардани ҳадафи ангехтани ин шоеъа ҷомеъаро огаҳ хоҳанд кард. Аммо ба таъйиди ин мақомот, нафари муҷрим барои ин аъмолаш бо ҷазои сахт мувоҷеҳ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG