Пайвандҳои дастрасӣ

Бишкек: Тазоҳурот зидди ҳамлаи Исроил ба Ғазза


Имрӯз, 12-уми январ, дар шаҳри Бишкек беш аз сад намояндаи созмонҳои иҷтимоӣ дар як гирдаҳамоӣ ҳамлаи Исроил ба Фаластинро маҳкум карданд.

Гуфта шуд, ки дар ин шабонарӯз бар асари инфиҷори мушакҳои низомиёни исроилӣ дар Навори Ғазза даҳҳо нафар куштаву садҳо тани дигар захм бардоштаанд. Дуйшан Ҳоҷӣ Абдилда ӯғлӣ, вакили созмони ҷамъиятии «Ақлу ҳуш ва руҳу имон», ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз мақомоти Исроил талаб намуданд, ки ҳамлаҳояш болои Фаластин ва қатлу куштори одамони бегуноҳ дар Навори Ғаззаро ходима диҳад.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд хомӯш нанишинад ва дар муқобили ин иқдоми ғайриинсонии давлати Исроил вокӯнишҳои шадид нишон диҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҷангу низоъ ва даргириҳои шадид метавонад ба сари мардуми ҳар кишвар ояд, аз ин лиҳоз СММ, раҳбарони кишварҳои ҷаҳон, ҳамчунин мақомоти Қирғизистон бояд таҷовузи Исроил алайҳи Фаластинро маҳкум кунанд ва аз вай тақозо намоянд, ки фавран оташбас эълом кунад.

Клара Ҳоҷибекова, як тан аз иштирокчиёни дигари ин гирдиҳамоӣ, гуфт, ки дар ин ҷанг ҳар ду тараф ҳам талафот мебинанд, вале ҷои шубҳа нест, ки қурбониёни ин ҷанг дар миёни фаластиниҳо ба чанд карат беш хоҳад буд. Ба гуфтаи хонум Ҳоҷибекова, дар паси Исроил гурӯҳҳои манфиатдор истодааст ва идомаи ҷанге, ки Исроил алайҳи Фаластин шурӯъ кардааст, барои ин гурӯҳҳо бешак мафоди зиёд хоҳад овард.

Дар поёни гирдиҳамоии намояндагони созмонҳои иҷтимоъӣ унвонии Шӯрои амнияти СММ, президенти ИМА, президент ва нахуствазири ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамчунин ҷомеъаи ҷаҳонӣ як баёния ироъа гардид. Дар ин баёния омадааст, ки бояд ҳар чи зуд Исроил алайҳи Фаластин оташбас эълом кунад ва Навори Ғазза ба минтақаи суббот табдил ёбад.

Раванди гирдиҳамоӣ дар Бишкекро кормандони умури интизомии ин кишвар таҳти назорат гирифта буданд, ки гуфта мешавад, теъдодашон дар ҳудуди 25-30 нафарро ташкил мекард. Аммо баъди анҷоми гирдиҳамоӣ иштирокчиёни он бидуни мудохилаи кормандони умури интизомӣ пароканда шуданд.

XS
SM
MD
LG