Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарқи як паром дар Индонезия


Бо гузашти як шабонарӯз аз ғарқ шудани як пароми мусофирбар бар асари тӯфони шадид дар соҳили ҷазираи Сулавесии Индонезия ҳудуди 250 нафар ҳамчунон беномунишон боқӣ монда, умеди зинда пайдо кардани онҳо соат ба соат камтару камтар мешавад.

Иртибот бо ин паром субҳи 11 январ дар 50-километрии Маҷене, минтақае дар ғарби Сулавесӣ, қатъ шуд.

Индонезия, ки бо 234 миллион нафар ҷамъияташ пурҷамъияттарин кишвари мусалмонии дунёст, аз тақрибан 17 000 ҷазира иборат буда, паром дар ин кишвар як василаи муҳими нақлиёт маҳсуб мешавад.

Ду сол пеш бар асари ғарқ шудани як пароми дигар дар соҳили ҷазираи Ява беш аз 500 нафар ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG