Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоияти бидуни қайду шарти Киев ба транзити газ


Ширкати “Газпром”-и Русия мегӯяд, ки Украина имрӯз қарордоди аз сар гирифтани интиқоли газ ба Аврупо тавассути ин кишварро аз нав ва бидуни кадом қайду шарт имзо кард. Ин қарордод бо миёнҷигии Иттиҳодияи Аврупо дар рӯзҳои поёнии ҳафтаи гузашта имзо шуд, вале шоми якшанбе Русия Украинаро ба вуруди тағйирот ба матни қаблии он муттаҳам карда, аз иҷрои созишнома даст кашид. Русия интиқоли газ ба Украинаро аз 1 январ ва содироти газаш ба Аврупо тавассути хоки он кишварро аз 7 январ ба далели дар Украина дуздӣ шуданаш қатъ кард. Аммо Киев ин иттиҳомро радд мекунад. Дар ҳар сурат, ҳатто агар Русия содироти газаш ба Аврупоро аз сар бигирад чанд рӯз лозим аст, ки ин газ ба Аврупо бирасад. Ва имрӯз вузарои энержии ИА роҳҳои ҷилавгирӣ аз такрори бӯҳрони газро баҳс мекунанд. Раҳбари “Газпром” Алексей Миллер ва муовини сарвазири Русия Игор Сечин ба хотири ширкат дар ин нишаст роҳии Бруксел шудаанд.
XS
SM
MD
LG