Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

250 мусофири пароми Индонезӣ ҳанӯз ёфт нашудаанд


Бо гузашти як шабонарӯз аз ғарқ шудани як пароми мусофирбар бар асари тӯфони шадид дар соҳили ҷазираи Сулавесии Индонезӣ ҳудуди 250 нафар ҳамчунон беномунишон боқӣ монда, умеди зинда пайдо кардани онҳо соат ба соат камтару камтар мешавад. Иртибот бо ин паром субҳи дирӯз дар 50-километрии Маҷене, минтақае дар ғарби Сулавесӣ, қатъ шуд. Индонезӣ, ки бо 234 миллион нафар ҷамъияташ пурҷамъияттарин кишвари мусалмонии дунёфт, аз тақрибан 17 000 ҷазира иборат буда, паром дар ин кишвар як василаи муҳими нақлиёт маҳсуб мешавад. Ду сол пеш бар асари ғарқ шудани як пароми дигар дар соҳили ҷазираи Ява беш аз 500 нафар ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG