Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Петреус бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад


Бино ба хабарҳо, генерал Дейвид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико, рӯзи 17 январ ба Душанбе сафари кӯтоҳе анҷом дода ва бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Генерал Петреус фармондеҳии нирӯҳои Амрико дар Аврупову Осиё, аз ҷумла дар кишварҳои ҷангзадаи Ироқу Афғонистонро бар ӯҳда дорад. Дейвид Петреус дар ҳафтаи гузашта гуфт, ҷанг дар Афғонистон метавонад чанд соли дигарро дар бар бигирад. Ӯ Покистонро мустақиман калиди ояндаи Афғонистон номид ва гуфт, ба далели хусумати дерине, ки Амрико бо ҳамсоякишвари дигари Афғонистон – Эрон – дорад, Вошингтон бояд ба хотири даст ёфтан ба субот дар Афғонистон рӯи Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳисоб кунад.
XS
SM
MD
LG