Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замони боздошти хабарнигорони эронӣ тамдид шуд


Додгоҳи Исроил имрӯз замони боздошти бидуни эълони айбнома барои ду хабарнигори эрониро то 2 рӯзи дигар тамдид кард. Муҳаммад Сарҳон ва Хизр Шоҳин ба он муттаҳам мешаванд, ки рӯзи 3 январ, ҳанӯз қабл аз судури иҷозаи сонсури низомӣ, оғози амалиёти заминии нирӯҳои Исроил дар навори Ғаззаро хабар додаанд. Ҳарду хабарнигор ду рӯз баъд аз нашри хабари оғози амалиёт боздошт шуданд. Кулли хабарнигорон дар Исроил ба хотири дарёфти иҷозаи кор қарордодеро бояд имзо гузоранд, ки тибқи он, мулзаманд дар чаҳорчӯби қонунҳои сонсури Исроил фаъолият кунанд.
XS
SM
MD
LG