Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден аз Қандаҳору Ҳилманд дидан кард


Ноиби раисиҷумҳури мунтахаби Амрико Ҷо Байден, ки бо як сафари ногаҳонӣ аз вилоёти Қандаҳор ва Ҳилманди ҷануби Афғонистон дидан кард, кӯмаки Амрико дар набарди Афғонистон алайҳи терроризму кишту қочоқи маводи мухаддир ва фасодкориро ваъда супурдааст. Ҷануби Афғонистон аз марокизи муқовимати ҷангиёни толиб маҳсуб шуда, бар асари рӯёрӯиҳо дар ин манотиқ танҳо дар соли гузашта ҳудуди 6 400 нафар, аксаран ҷангиён, ба ҳалокат расиданд. Раисиҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама, ки ҳамроҳ бо ноибаш Ҷо Байден расман аз рӯзи 20 январ ба ифои вазифа шурӯъ мекунад, ваъда додааст, ки ҷанг дар Ироқро ба поён расонда, талошҳои низомии Амрикоро аз ин ба баъд болои Афғонистон тамаркуз хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG