Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил нирӯҳои захиравиашро ба Ғазза эъзом кард


Исроил таъйид кард, ки нирӯҳои захиравиашро ба сарзаминҳои фаластинии қитъаи Ғазза эъзом кардааст. Ин дар ҳолест, ки амалиёти низомии нирӯҳои Исроил алайҳи гурӯҳи тундрави Ҳамос, ки назорати Ғаззаро дар даст дорад, вориди рӯзи 17-ум мешавад. Аммо мақомоти Исроил мегӯянд, эъзоми нирӯҳои захиравӣ ба Ғазза баёнгари марҳалаи нави амалиёт алайҳи Ҳамос нест. Тайи ин амалиёт, ки рӯзи 27 декабр оғоз ёфт, то имрӯз беш аз 900 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG