Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина қарордоди транзити газро аз нав имзо кард


Ширкати “Газпром”-и Русия мегӯяд, ки Украина имрӯз қарордоди аз сар гирифтани интиқоли газ ба Аврупо тавассути ин кишварро аз нав ва бидуни кадом қайду шарт имзо кард. Ин қарордод бо миёнҷигии Иттиҳодияи Аврупо дар рӯзҳои поёнии ҳафтаи гузашта имзо шуд, вале шоми якшанбе Русия Украинаро ба вуруди тағйирот ба матни қаблии он муттаҳам карда, аз иҷрои созишнома даст кашид. “Газпром” гуфт, намояндагонаш имрӯз дар Киев бо ҷониби Украина музокирот доир кардаанд ва он ҷониб “бидуни шартҳои изофӣ” ба қарордод имзо гузоштааст. Русия интиқоли газ ба Украинаро аз 1 январ ва содироти газаш ба Аврупо тавассути хоки он кишварро аз 7 январ ба ин далел, ки Украина миқдоре аз ин газро медуздад, қатъ кард. Аммо Киев ин иттиҳомро радд мекунад. Вузарои энержии ИА имрӯз дар Бруксел роҳҳои ҳифзи кишварҳои худ аз такрори айни бӯҳрони газро баҳс мекунанд.
XS
SM
MD
LG