Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба тоҷикон дар Маскав


Ду шаҳрванди Тоҷикистон бар асари як ҳамла дар Маскав захмҳои зиёди корд бардоштаанд.

Хабаргузориҳои русӣ бо такя ба манобеъи низомии шаҳри Маскав навиштаанд, шаби гузашта пизишкон ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо захмҳои гуногуни корд ба беморхона бурдаанд.

Шоҳидони ҳол гуфтаанд, як гурӯҳи ҷавонҳо дар кӯчаи Декабристови Маскав бидуни сабаб ба ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла кардаанд.
Хабаргузориҳои рус мабнӣ бар адовати қавмӣ будани ин ҳамларо аз эҳтимол дур намедонанд.

Дар даҳ рӯзи аввали соли 2009 ҳафт нафар дар Маскав мавриди ҳамлаи миллатгароёни рус қарор гирифтаанд ва се нафари онҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Вйетнаму Камерун аз ин гуна ҳамлаҳо ҷон ба саломат бурда натавонистаанд.

Дар ҳамин ҳол, то ҳол омилони куштори Салоҳиддин Азизов, ҷавони бистсолаи тоҷик дар охири соли 2008 ёфт нашудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG