Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот бо талаби басташавии Гуантанамо


Дар сартосари Аврупо рӯзи якшанбе чанд тазоҳуроти хурде бо талаби басташавии боздоштгоҳи Гуантанамои Куба аз ҷониби маъмурияти нави Кохи Сафед баргузор шуд. Ҳафт сол пеш ба ин зиндони муваққатии муттаҳамони терроризм нахустин боздоштшудагон мунтақил шуданд. Дар ҳамин ҳол, Барак Обама, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико бори дигар ваъдаи худро барои бастани ин боздоштгоҳ такрор кард. Аммо зимни пахши изҳороте тавассути телевизиони Амрико, вай огоҳ кард, ки барои иҷрои ин иқдом дар тӯли 100 рӯзи аввали кораш дар курсии раёсатҷумҳурӣ вай бо чолишҳои зиёд рӯбарӯ хоҳад шуд. Феълан дар боздоштгоҳи Гуантанамо 250 нафар нигаҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG