Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Ироқ раиси навро интихоб накард


Шоми якшанбе парлумони Ироқ натавонист бо сабаби норизоияти аксари аъзои суннимазҳаби парлумон бо номзади пешниҳодӣ барои интихоби раиси нави маҷлис ба тавофуқ расад. Ин нахустин нишасти 275-нафараи маҷлиси Ироқ дар соли ҷории милодӣ буд, ки мақсад дошт нафари дигарро ба ҷои Маҳмуд-ал-Машҳадонӣ, раиси пешини суннимазҳаби маҷлиси Ироқ интихоб кунад. Машҳадонӣ моҳи гузашта баъди шикоятҳои зиёди ҳамкоронаш дар маҷлис аз болои рафтори ғайри қобили пешбинии ӯ ба истеъфо рафт. Мақоми раиси парлумон дар Ироқ тибқи низоми муқарраршуда бояд насиби як араби суннимазҳаб шавад.
XS
SM
MD
LG