Пайвандҳои дастрасӣ

Олмерт гуфт, Исроил ба ҳадафаш наздик мешавад


Эҳуд Олмерт, нахуствазири Исроил гуфт, ки ба ҳадафҳои низомии худ дар Навори Ғазза наздик шудааст. Изҳороти Олмерт дар ҷараёни нишасти ҳукумати Исроил садо дод. Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои кишвараш вориди марҳилаи ҳамлаҳои шадид шуданд ва ҳамзамон ҷангиёни фаластинӣ партобҳои мушакҳои худро ба қаламрави Исроил идома доданд. Эҳуд Олмерт гуфт:

"Ҳоло марҳилаи он расидааст, ки дастовардҳои худро ба хотири расидан ба ҳадаф шарҳ бидиҳем. Исроил барои расидан ба ҳадафҳои дар пешаш гузошта хеле наздик омадааст: ин таҳаммул, иродаи қавӣ ва талош барои расидан ба ҳадафест, ки воқеияти амниятиро дар ҷануб тағйир дода мардуми осоишта барои дарозмуддат амният ва суботро эҳсос хоҳанд кард. Дар лаҳзаҳои охирин мо набояд дастовардеро, ки дар натиҷаи талоши муттаҳида ва беназири эҳёи ваҳдаи миллии Исроил ҳосил шудааст, аз даст бидиҳем.

Дар ҳамин ҳол, низомиёни исроилӣ гуфтанд, ки ба майдони муҳориба сарбозони захиравии бештарро сафарбар кардаанд. Рӯзи якшанбе дар бахшҳои мухталифи Ховари Миёна, Осиё ва Аврупо тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи амалиёти низомии Исроил дар Ғазза идома дошт. Дар шаҳри ҷанубии Фаронса Марсел чандин ҳазор нафар ба нишони ҳамраъӣ бо амалиёти Исроил дар Ғазза раҳпаймоӣ карданд.
Табибони фаластинӣ мегӯянд, ки шумори куллии қурбониёни фаластинӣ шурӯъ аз оғози ҷанг дар таърихи 27 декабр тақрибан 880 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷониби Исроил то имрӯз 10 сарбоз ва се мулкӣ ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG