Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистону Чин дар Русия


Хабаргузории "Интерфакс" менависад, ки рӯзи якшанбе дар майдонҳои сохтмонии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ду ҷасади коргарони Чин ва Тоҷикистон ошкор шудааст. Манбае дар сохторҳои қудратӣ гуфтааст, ки ҳодисаи ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон субҳи ҷумъа рӯй додааст. "Шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон аз баландии ошёнаи 11-ум дар майдончаи сохтмонии хиёбони Комендантскии Санкт-Петербург сарозер шуда дар паи ҷароҳатҳои вазнин ҷон дод". Ҷасади шаҳрванди 38-солаи Чин дар шаҳри Всеволожскии вилояти Ленинград ҳамчунин бо нишонаҳои ҷароҳатҳои вазнин ошкор шудааст. "Эҳтимолан вай аз ошёнаи дуюм уфтода ҷон додааст" - афзуд ин манбаъ дар сӯҳбат бо "Интерфакс". Феълан ҳарду ҷасади мардикорони хориҷӣ ба мурдахона барои шиносоӣ фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG