Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия интиқоли газро ҳамоно мутаваққиф мекунад


Русия созишномаи бо миёнҷигии Иттиҳодияи Аврупо барои назорат аз ҷараёни интиқоли гази русӣ тавассути хоки Украина басташударо ғайри қобили қабул арзёбӣ кардааст. Дар пайи чандин рӯзи музокироти дипломатӣ ба раҳбарии мақомоти Иттиҳодияи Аврупо, Маскаву Киев қарордодеро дар заминаи ирсоли гурӯҳи назоратӣ ба имзо расониданд, то ин ки Русия интиқоли газро ба Аврупо дубора аз сар гирад. Вале зимни як суханронии телевизиониаш рӯзи якшанбе раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев гуфт, то замоне, ки Украина эъломияи худро, ки қарордоди мазкурро ҳамроҳӣ мекунад, бозпас нагирад, бандҳои созишнома ба иҷро нахоҳад расид. Чанд соат пеш аз ин Комиссиюни Аврупо гуфт барои идомаи мутаваққифсозии ҷараёни интиқоли газ сабаби дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Рӯзи 7 январ ширкат воҳиди "Газпром"-и Русия интиқоли гази табииро ба муштариёнаш дар Аврупо қатъ кард ва ин тадбири худро бо иллати ихтилофи миёни Маскаву Киев бар сари таъини қимати нави газ ва баҳои қарзи Украина дар баробари Русия тавзеҳ дод. Маскав талаб дорад, ки нозирони аврупоӣ украиниҳоро нагузоранд, ки даст ба ғорати газ зананд, вале ин иттиҳом пайваста аз ҷониби Киев рад мешавад.
XS
SM
MD
LG