Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар Алҷазоир вазъи Ғаззарро баррасӣ мекунад


Бино ба гузоришҳо аз Алҷазоир, Ҳусейн Даҳконе-муовини раиси ҷумҳури Эрон бо Абдулазиз Бутефлиқо-раиси ҷумҳури Алҷазоир мулоқот кардааст, то талошҳо бар зидди ҳамлаҳои Исроил дар Навори Ғазаро ҳамоҳанг кунанд. Хабаргузории расмии Алҷазоир аз қавли оқои Даҳконе гуфтааст, вай аз Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон ба раиси ҷумҳури Алҷазоир номае овардааст ва дар он "терроризми давлатии ҳукумати Исроил" дар Ғазза маҳкум шудааст. Хабаргузорӣ нагуфтааст, ки дар ҷараёни ин боздиди серуза ҷонибҳо чӣ тадбирҳоро ҳамоҳанг мекунанд.
XS
SM
MD
LG