Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар бораи Эрон изҳори назар кард


Барак Обама-раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико мегуяд, вай дар қиболи Эрон бархурдеро пеш хоҳад гирифт, ки ҳам эҳтиром ба мардуми Эронро ифода кунад ва ҳам интизориҳои раҳбарони он кишварро рушан созад. Обама дар мусоҳибае бо телвизюни ABC-и Амрико изҳор дошт, ки Эрон яке аз чолишҳои бузург дар сиёсатҳои вай хоҳад буд. Вай ба кумакҳои Теҳрон ба тундравҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ба ғанисозии урониюми Эрон ишора кард, ки метавонад мусобиқаи таслиҳотиро дар Ховари Миёна суръат бахшад.
XS
SM
MD
LG