Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷумъабой Ниёзов дар Хуҷанд ба хок супурда шуд


Имруз дар шаҳри Хуҷанд Ҷумъабой Ниёзов-яке аз поягузорони Ҳизби Демократи Тоҷикистон ва муовини аввали ин ҳизб ба хок супурда шуд. Муҳиддин Кабирӣ-раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар маросими видоъ дар бораи марҳум Ниёзов ин гуна изҳори ақида кард:

"Ҷумъабой Ниёзов шахсе буд, ки дар синаи васеъаш, дар фикри васеъаш ҳама андешаҳо меғунҷид ва мо метавонем эшонро як инсони комил бигуем, ки Тоҷикистон уро аз даст дод".

Ҷумъабой Ниёзов субҳи дируз бар асари хунрезии мағзӣ ё бемории фишори хун дар синни 62 солагӣ дар манзили худ даргузашт. Ҷумъабой Ниёзовро дар маҳофили сиёсӣ ва илмиву фарҳангии Тоҷикистон ба унвони як шахсияти донишманду муътабар ва сиёсатмадори варзида мешинохтанд.

XS
SM
MD
LG