Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар чӣ ҳол аст?


Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, қарзи хориҷии ин кишвар дар соли 2008 247 миллион доллари дигар афзудааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов-вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар соли 2008 барои бозгардони қарзҳо 308 миллион доллар ҷудо шуда буд, ки аз ин маблағ 250 миллион доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва 58 миллион барои пардохти фойизҳо харҷ шудааст. Вазири молия қарзи хориҷии Тоҷикистонро қаноатбахш хондааст, ба ин хотир ки он 28 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додааст, дар ҳоле ки дар бархе ишварҳо ин нишондод 60 дарсадро ташкил мекунад. Тибқи иттилоъи вазорати молияи Тоҷикистон, ҳоло қарзи хориҷии ин кишвар 1 миллиарду 365 миллион доллар аст.

XS
SM
MD
LG