Пайвандҳои дастрасӣ

Укроин ба протоколи мониторинги бисёрҷонибаи убурдиҳии гози Русия ба кишварҳои аъзои Иттиҳодияи Аврупо тавассути қаламраваш имзо гузошт.

Дар ин бора сарвазири кишвар Юлия Тимошенко эълом кард.

Дар ҳамин ҳол, сарвазири Ҷумҳурии Чех Мирек Тополанек, ки кишвараш раёсати ИА-ро ба дӯш дорад, гуфт: «Укроин ҳама шартҳоеро, ки ба Русия имкон медиҳад гози худро ба Аврупо интиқол диҳад, пазируфт. Чизе барои амали гурӯҳҳои мониторингӣ ва азсаргирии убури гоз ба Аврупо мониъа эҷод намекунад. Акнун кишварҳое, ки аз қатъи интиқоли гоз зарар диданд, метавонанд нахустин таҳвили гозро дар муддати 36 соат аз замони шурӯъи дубораи убур интизор шаванд».

Юлия Тимошенко ва Мирек Тополанек, Киив, 10-уми январи соли 2009
Гуфта мешавад, ки гуфтушуниди Тополанек ва Тимошенко дар Киив, пойтахти Укроин, дар ин робита то дили шаб идома намуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Укроин нахуст ба ширкати нозирони Русия дар мониторинги лулаҳои убурии гоз дар қаламраваш мухолиф буд. Тимошенко изҳор намуд, ки ин танҳо дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки нозирони укроинӣ дар истгоҳҳои газченкунӣ дар ҳудуди Русия роҳ дода шаванд. Ӯ инчунин мутазаккир шуд, ки нозирон метавонанд ҳадди аксар як моҳ дар Укроин кор кунанд.

Сарвазири Русия В. Путин дирӯз, 10-уми январ, изҳор намуд, ки, ба ақидаи ӯ, нозирон ҳар қадар нозирон дар истгоҳҳои газченкунӣ бимонанд, ҳамон қадар хуб аст.

Укроин санади назорат ба интиқоли гозро имзо кард

Укроину Руссия ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи назорат бар ҷараёни интиқоли гози Руссия ба Аврупо ба тавофуқ расиданд. Акнун баъд аз ин тавофуқ интиқоли гози Руссия ба Аврупо тавассути Укроин аз сар гирифта мешавад. Тавофуқоти ҷонибҳо бо миёнҷигарии Мирек Тополанек, нахуствазири ҷумҳурии Чех, ки ҳоло кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро низ бар уҳда дорад, ба даст омадааст.

Баъд аз гирифтани имзои ҷониби Русия Мирек Тополанек шаби шанбе аз Маскав ба Киив, пойтахти Укроин, парвоз кард. Вай ҷониби Укроинро ташвиқ кард, ки ба нозирони Иттиҳодияи Аврупо ва Руссия иҷоза диҳад, ки дар Укроин бар ҷараёни интиқоли гози Руссия ба Аврупо назорат кунанд. Дар Маскав Влодимир Путин гуфт, интиқоли гоз замоне аз сар гирифта мешавад, ки Укроин санад дар бораи назоратро имзо кунад ва нозирон дар ҷойҳои лозимӣ ҳозир шаванд. Тополанек мегуяд, ҳоло замина барои аз саргирии интиқоли ҳар чӣ зудтари гоз фароҳам шудааст ва нозирон дар як ё ду шабонарузи оянда ба маҳали назорат ҳозир хоҳанд шуд: «Укроин ҳар кореро, ки Руссия барои аз саргирии интиқоли гоз мехост, анҷом дод».

Юлия Тимошенко-нахуствазири Укроин гуфт, бо имзои худ Киев нишон дод, ки Укроин барои Иттиҳодияи Аврупо ҳамкори муносиб аст: «Мо имруз протоколро имзо кардем, то бар зидди Укроин шикояте вуҷуд надошта бошад, то Укроин мушкиле дар роҳи аз саргирии интиқоли гози Руссия ба Аврупо набошад. Мо ҳамчун як кишвар ҳусни ният нишон додем6 то ҳамкори хуби Иттиҳодияи Аврупо бошем».

Вале дар протоколи имзошуда дар бораи эҳтиёҷори Укроин ба гоз чизе гуфта нашудааст. Ҳоло муносиботи миёни Маскав ва Киев мутташанниҷ аст , зеро Руссия ба вуруди Укроин ба паймони НАТО мухолиф аст. Баъд аз моҷарони гоз ин муносибот беш аз пеш ба вахомат гароидааст.

XS
SM
MD
LG