Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти амниятӣ сарчашмаи овозаҳоро меҷӯянд


Бино ба хабарҳои матбуъотӣ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ ба ҷустуҷуи сарчашмаи сару садоҳо дар бораи зилзилаи шадид дар Тоҷикистон шуруъ кардаанд. Дар шабонарӯзи ахир дар Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон овозаҳое ба гардиш даромад, ки шаби 9-ум ба 10-уми январ дар Тоҷикистон зилзилаи шадиди харобиовар рух медиҳад. Бо вуҷуди ин, ки манобеъи расмӣ аз тариқи радиову телвизюн дар ин бора хабар пахш мекарданд, вале аҳолии шаҳрҳову навоҳии гуногун сармои шабро дар берун аз хонаҳояшон паси сар карданд. Мақомот низ барои ҷилавгирӣ аз ин сару садоҳо таъхир карданд ва натавонистанд бо кумаки ниҳодҳои худ дар маҳалҳо ин сару садоҳоро хунсо кунанд ва мардумро ба хонаҳояшон баргардонанд. Эълон аз тариқи балангуҳои мошини пулис дар бораи хабари дуруғини заминларза ба мардум таъсир надошт.
XS
SM
MD
LG