Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қоҳира талошҳои қатъи ҷанги Ғаза идома дорад


Дар Миср талошҳои дипломатӣ барои хотима додан ба даргириҳо дар Ғазаи Фаластин идома дорад, дар ҳоле, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ ва пиёданизоми Исроил бар зидди гуруҳи тундрави Ҳамос ба севвумин ҳафтаи худ расид. Ҳар ду ҷониби даргир аз қатъномаи Шурои Амнияти СММ дар бораи оташбас сарфи назар кардаанд. Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилолти худгадони Фаластин гуфтааст, Исроил бояд нақшаи Мисрро дар бораи қатъи ҷанг бипазирад, вагарна масъулияти ҷангро бар душ хоҳад дошт. Вай зимни суханони худ дар Қоҳира-пойтахти Миср изҳори умед кард, ки Ҳамос низ битавонад ба тавофуқ даст ёбад ва бидуни "дудилагӣ" ба даргирӣ хотима диҳад. Ҳамос низ ба Қоҳира намояндагони худро фиристодааст.

XS
SM
MD
LG