Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷумъабой Ниёзов аз бемории фишори хун даpгузашт


10-уми январ Ҷумъабой Ниёзов-муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар синни 62-солагӣ бар асари бемории фишори хун дар манзили худ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. Оқои Ниёзов аз муддатҳо қабл аз бемории фишори хун ранҷ мебурд. Вай аз соли 2000 то охири умр муъовинати раиёсати Ҳизби Демократи Муҳаммадрузӣ Искандаровро бар уҳда дошт ва аз соли 1995 то соли 2007 ҳамзамон раиси Ҳизби Демократ дар вилояти Суғд буд. Оқои Ниёзов солҳои 1995-1999 узви Кумисиюни Оштии Миллии Тоҷикистон буд ва дар музокироти сулҳи тоҷикон аз ҷониби нируҳои мухолифин ширкат дошт. Ҷумъабой Ниёзов рузи якшанбе дар шаҳри Хуҷанд ба хок супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG