Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

63 нафар дар тазоҳуроти зидди Исроил захмӣ шуданд


Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи заду хурди миёни пулис ва тазоҳуркунандагон дар Алҷазоир 63 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳукумати Алҷазоир мегуяд, 23 афсари пулис ва 40 нафар аз мардум замоне ҷароҳат бардроштанд, ки рузи ҷумъа ҳазорон нафар бар зидди ҳамлаи Исроил ба Ғазаи Фаластин даст ба тазоҳурот заданд. Дар гузоришҳо омадааст, нируҳои амниятӣ масъулини беназмиҳоро боздошт кардаанд. Дар ҷараёни ин беназмиҳо мағозаҳо ғорат шуданд, мошинҳо осеб диданд ва тирезаҳо шикастанд.

XS
SM
MD
LG