Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ кумакҳояшро ба аҳолии Ғаза аз сар мегирад


СММ мегуяд, ки баъд аз дарёфти итминони амният аз суи Исроил ба нақша гирифтааст, ки дар навори Ғаза кумак ба ҳазорон нафар фаластниро ҳар чӣ зудтар аз сар бигирад. Дар як эъломияи таҳрирӣ Ожонси имдодрасонии СММ гуфтааст, фиристодаи вижаи СММ барои Ховари Миёна "замонати зарурӣ" дарёфт кардааст, ки амнияти кормандони СММ ба таври комил мавриди эҳтироми Исроил ҳаст. СММ рузи панҷшанбе амалиёти имдоди худро дар Навори Ғаза муттавақиф кард, зеро тонки Исроил ба суи корвони СММ тирандозӣ кард. СММ мегуяд, 80 дарсади аҳолии 1,5 милиён нафараи Навори Ғаза ба кумакҳои ғазоӣ ниёз доранд.

XS
SM
MD
LG